воскресенье, 3 января 2021 г.

Таъсири COVID-19 ба иқтисоди Тоҷикистон

Бемории ҳамагири COVID-19 ё коронавируси нав ба вазъи иқтисодии ҷаҳон таъсири амиқ гузошт, ки Тоҷикистон ҳам истисно нест. Ҳарчанд бархе коршиносон таъсири молиявии COVID-19-ро ба иқтисоди ҷумҳурии мо чандон назаррас намедонанд.

Бар асоси таҳлили коршиносони Бонки Осиёии Рушд тавсеаи иқтисодиёти Тоҷикистон дар ду соли оянда аз 5,5 дарсад то 5 дарсад мерасад. Ин дар ҳолест, ки таҳлилгарони ватанӣ рушди иқтисодиётро дар соли 2020 ба 7,8 дарсад пешбинӣ карда буданд.

Иқтисоддони тоҷик Абдухолиқ Каҷкулоев бар ин назар аст, дар пайи буҳрони вобаста ба COVID-19, ҳаҷми ММД-и ҷаҳонӣ дар маҷмӯъ ба андозаи 1,5% коҳиш ёфтааст, ки он ҳатто аз буҳрони молиявии соли 2008 дида мудҳиштар мебошад.

Качкулов Абдухолик - номзади илмҳои иқтисоди,устоди ДДК

Буҳрони молиявие, ки бар асари ҳамагир шудани коронавируси нав ба миён омад, ба устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодии  Тоҷикистон ҳам таъсири бевосита ва ғайримустақими худро  расондааст. Рушди иқтисодии Тоҷикистон дар соли 2020 дар сатҳи 7,8 дарсад пешбинӣ шуда буд, аммо дар пайи хуруҷи коронавирус он ба сатҳи 4,7 дарсад поин омад. Дар ҳамин ҳол, иқтисоддон Каҷкулоев таъкид мекунад, “ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муяссар гардид,  ки бинобар сабаби устувор будани сиёсати пешгирифтаи молиявӣ ва  дастгирии ташкилотҳои байналмилалии донорӣ мувозинати нишондиҳандаҳои макроиқтисодиро нигоҳ дорад. Вале мутаассифона,  дар 6 моҳи соли 2020 коҳиши ҳаҷми истеҳсолоти воқеӣ, камшавии  интиқоли маблағҳо ва тадриҷан паст шудани сатҳи беқурбшавии асъори миллӣ ба мушоҳида мерасад”.

Бархе коршиносон мегӯянд, зарбаи аслии пандемияи COVID-19 ба муҳоҷирони кории тоҷик расид. Ба таъкиди онҳо, иқтисодёти кишвар ба интиқоли пули муҳоҷирон вобастагӣ дорад. Тибқи маълумотҳои Бонки милии Тоҷикистон дар давраи пандемия ҳаҷми интиқоли маблағҳои муҳоҷирон аз моҳи январ то декабр  9 дарсад коҳиш ёфт, ки бешак таъсири чашмгире дар иқтисоди кишвар дорад. Дар ҳамин ҳол Бонки марказии Руссия ҳаҷми интиқоли пулро аз Федератсияи Руссия ба Тоҷикистон аз шахсони алоҳида таввасути шабакаҳои пулфиристӣ  1млрд.224млн доллар интиқол доданд,ки дар қиёс нисбати соли гузашта 37 дарсад кам аст.

Тибқи омори Бонки миллии Тоҷикистон, дар соли 2019 муҳоҷирони меҳнатӣ аз Русия ба кишвар 2,7 миллиард доллар интиқол доданд. Ин дар ҳолест, ки бино ба пешбиниҳои қабл аз пандемия мебоист дар соли 2020 ҳаҷми интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон марзи 3 миллиард долларро убур мекард.

Таҳлилгарон тахмин мезананд, ки пас аз ҷорӣ шудани маҳдудиятҳо дар Русия шуғли муҳоҷирон наздики ду баробар кам мешавад. Тибқи таҳқиқоти Институти иҷтимоию сиёсӣ ва таҳқиқотии Академияи илмҳои Русия (ISPI RAS), тақрибан 60% муҳоҷирон бе сарчашмаи маблағ монданд, ки аз ин теъдод 25% аллакай ҷойҳои кории худро аз даст додаанд ва боқимонда ба муддати номуайян ба карантин рафтаанд. Моҳи марти соли 2020, дар аввали мавсими муҳоҷират, парвозҳо миёни Тоҷикистону Русия қатъ гардид. Бино ба омори  Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, дар давраи аз 18 март (ҷорӣ намудани маҳдудиятҳо барои тарки кишвар) то 1 июли соли 2020, зиёда аз 200 ҳазор нафар натавонистанд ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ кишварро тарк намоянд. 

Зулфиқор Сафарзода, устоди риштаи иқтисоди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар суҳбат бо мо иброз дошт, ки коронавируси нав ба иқтисодиёти кишвар аз бисёр ҷиҳат таъсири худро расонид. Ӯ мегӯяд, тибқи маълумотҳои Бонки Ҷаҳонӣ ҳаҷми интиқоли маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ба кишварҳои худ дар соли 2020 дар саросари ҷаҳон 20% коҳиш хоҳад ёфт. Зулфиқор Саидзода вобаста ба вазъияти ҳаҷми содирот ва воридот дар кишвар чунин изҳори назар кард:

Сафарзода Зулфикорк - устоди риштаи иқтисодии ДДК

Ҳамагир шудани COVID-19 на танҳо ба интиқоли маблағҳои пулӣ, балки ба дигар самтҳои иқтисод, монанди низоми бонкӣ, ҷалби сармоягузорӣ, сиёсати андозиву фискалӣ ҳам таъсири манфӣ расонд. Ба хотири ҷилавгирӣ аз бемории сироятии COVID-19 ва дастгирии аҳолӣ аз якуми апрел то 31 декабри соли 2020 Бонки миллии Тоҷикистон меъёри захиравии ҳатмии қарзро коҳиш дод. Ҳамзамон  аз якуми майи соли 2020 ин муассисаи молиявӣ барои дастгирии соҳибкорон фоизи тахфифро аз 12,75% ба 11,75% поин бурд.

Мавриди тазаккур аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати расонидани кумаку дастгирӣ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҳаҷми 29 миллион сомонӣ маблағҳои иловагӣ ҷудо намуд. Илова бар ин, дар хазинадории марказии Вазорати молияи кишвар бо пули миллӣ ва бо асъори хориҷӣ дар Бонки миллӣ суратҳисоби махсус кушода шудааст.

Тибқи коршиносони сатҳи ҷаҳонӣ роҳҳои  пешгирӣ  аз  чунин  буҳрони  хусусияти глобалӣ  дошта  мавҷуд буда, кишварҳо бояд  усулҳо  ва  роҳҳои  паст  кардани  таъсири  манфии онро ба иқтисодиёт  пешбин намоянд. Ба назари онҳо барои баромадан аз ин буҳрон давлат интишор  ва  мавриди  гирдгардиш  қарор гирифтани вомбарг  (як намуди коѓази қиматнок),ки дар мубориза бар зидди таъсири паҳншавии пандемия ва таъсири манфии он ба иқтисодиёт айни  ҳол  муҳим  ва  саривақтӣ  мебошад. Ҳамзамон давлатҳои тарақӣ кардаи ҷаҳон   барои дасгири кардани ширкатҳои ватанӣ ва  чорабиниҳо бар зидди  COVID-19 ва бартараф намудани оқибатҳои манфии он аз ҳисоби буҷети давлатиашон маблағҳои зиёд ҷудо мекунанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳо оид ба  пешгирии таъсири ба амал омадани таваккалҳоро ба иқтисоди миллӣ  дар натиҷаи буҳрони молиявии  COVID-19 коркард ва тасдиқ  кардааст. Нақшаи зиддибуҳронии мазкур ба эътидол овардани вазъи макроиқтисодӣ, беҳдошти низоми хизматрасониҳои бонкӣ,  истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷети давлатӣ, иҷрои саривақтии  уҳдадориҳои иҷтимоии давлат, рушди  истеҳсолот ва захираҳои  намудҳои асосии маҳсулоти хӯрокӣ ва молҳои ниёзи аввали мардумро дар бар мегирад.

 

 

Низомиддин Комилов

Матлаб бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» дар доираи лоиҳаи “Дастгирии  идоракунии молияи давлатӣ дар Тоҷикистон”, бо маблағгузории Вазорати Корҳои Хориҷӣ ва Рушди Байналмиллалии Британиёи Кабир (FCDO) ва дастгирии Институти «Ҷамъияти кушода» - Бунёди Мадади Тоҷикистон омода шудааст.

воскресенье, 27 декабря 2020 г.

Соҳибкорӣ “симои занона” мегирад?

Дар ҳамин ҳол, коршинсон мегӯянд, дар минтақаи Кӯлоби вилояти  Хатлон, соҳибкорзанон аксар вақт ба мушкили дастрасӣ ба қарзҳо ва фоизи баланди онҳо рӯбарӯ мегарданд. 


Нақши занҳо дар бахши соҳибкорӣ сол то сол пурранг мешавад. Аммо ҳанӯз мушкилиҳо зиёданд, ки асоситарини онҳо — имкониятҳои маҳдуди дастрасӣ ба манбаъҳои иттилоотӣ, молиявӣ, омӯзиш, роҳ наёфтан ба бозор, номукаммалии базаи ҳуқуқӣ, инчунин “стартап”-ҳо мебошанд.

Вусъати соҳибкории занон барои ташкили ҷойҳои нави корӣ ва рушди иқтисодиёти кишвар мусоидат мекунад. Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти тавсеаи соҳибкории занон иқдомҳои муайяне роҳандозӣ кардааст. Пешниҳоди “грант” ба соҳибкорзанон ва пурзӯр намудани тадбирҳо барои тақвияти баробарии гендерӣ аз ҷумлаи онҳо маҳсуб меёбанд.

Муборак Сафарова — таҳлилгар

Аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалӣ ҳам дар қаламрави ҷумҳурӣ чанд лоиҳа амалӣ гардид, ки ҳадафи онҳо рушди соҳибкорӣ миёни занон буд. Тавассути гузаронидани бизнес-курсҳо, давраҳои омӯзишӣ ва озмунҳо барои занон имкони дарёфти корро фароҳам меоранд. Аммо ҷиҳати иштироки боз ҳам фаъолтари зан дар ҳаёти иқтисодии кишвар як қатор корҳоро бояд ба сомон расонд, то саҳми зану мард дар ин самт баробар гардад. Мавриди тазаккур аст, тайи солҳои охир теъдоди занҳое, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ рӯ овардаанд, дар ҳоли афзош мебошад.


Сарчашма: Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ

Дар минтақаи Кӯлоб бархе бонувони маҳаллӣ тасмим гирифтаанд, барои бо кор таъмин кардани занҳо иқдомҳоеро роҳандозӣ кунанд. Яке аз онҳо Гулсун Иброҳимова аст, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошад. Ӯ бештар ба занҳои хонашин ва занҳое, ки аз муҳоҷират баргаштаанд, тамаркуз мекунад.

Дар минтақаи Кӯлоб теъдоди занҳое, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд, ангуштшумор нест, аммо баъзе мушкилиҳо, монанди гаронии андоз, сатҳи пасти дониши молиявӣ, набудани малакаи соҳибкорӣ, фишорҳо аз ҷониби бархе мақомот, дарёфт накардани сармоя, баланд будани меъёри қарзҳои бонкӣ, роҳи онҳоро барои муваффақ шудан душвор мекунанд.

Барои дастрасии занон ба сарчашмаҳои иқтисодӣ аз 2 ноябри соли 2015 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкил ва ҷудо намудани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии рушди фаъолияти занони соҳибкор барои солҳои 2016-2020” қабул гардид. Маблағи грантҳои президентии баро занони соҳибкори ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ҷудогардида дар самтҳои рушди соҳибкории хурд ва миёна, ба касбомузӣ ҷалб намудани занону духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занону духтарон, кишоварзӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, самтҳои эҳёи ҳунарҳои миллии мардумӣ, таъсиси коргоҳҳои хурд, ҳунарҳои дастӣ, қолинбофӣ, парвариши чорво, паррандапарварӣ, моҳипарварӣ, коркарди меваи хушк ва ғайраҳо равона гардида аст.


Сарчашма: Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ

Таҳлилгарон яке аз омили асосии рушди соҳибкории хурду миёнаро аз ҳисоби занон пешниҳоди қарзҳои хурди фоизашон пасттар аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои молиявӣ медонанд. Мавҷуда Ҳасанова, сардори дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон дар суҳбат ба мо изҳор дошт, ки давоми моҳҳои январ-октябри соли 2020 ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда ба 7 милиарду 585 миллион сомонӣ баробар аст. “Ин рақам дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 1,6% зиёд мебошад”,-афзуд ӯ. Ба таъкиди Мавҷуда Ҳасанова, дар даҳмоҳаи соли 2020 аз ҳаҷми умумии қарзҳои хурди додашуда аз ҷониби ташкилотҳои молиявӣ 33,7%-и он ба занон рост омада, як миллиарду 647,3 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли сипаришуда 3,3% зиёд мебошад.

Сарчашма: Сомонаи расмии БМТ (www.nbt.tj)   

Дар ҳамин ҳол, коршинсон мегӯянд, дар минтақаи Кӯлоби вилояти  Хатлон, соҳибкорзанон аксар вақт ба мушкили дастрасӣ ба қарзҳо ва фоизи баланди онҳо рӯбарӯ мегарданд.

Хоматзода Баҳром — Коршиноси масоили иқтисодӣ

Бархе соҳибназарон бар инанд, афзоиши теъдоди соҳибкорзанон агар аз яктараф барои таъмини зиндагии хонаводаи худи онҳо мусоидат кунад, аз дигар тараф сабаби ба кор таъмин шудани чандин нафар мегардад.

Ҳамин тариқ, рушди соҳибкории занон шароит фароҳам меоварад, ки имкониятҳои зеҳнӣ, қобилияти кориву роҳбарии занон дуруст  истифода гарданд, нобаробарии гендерӣ то андозае аз байн бардошта шавад ва сатҳи бекориву камбизоатӣ коҳиш ёбад. Барои рушди соҳа эҷоди фазои мусоиди соҳибкорӣ, коҳиш додани бори гарони андозҳо,  мақсаднок истифода бурдани буҷети давлатӣ ва маҳаллӣ хеле муҳим мебошад.

Низомиддин Комилов

Матлаб бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» дар доираи лоиҳаи “Дастгирии  идоракунии молияи давлатӣ дар Тоҷикистон”, бо маблағгузории Вазорати Корҳои Хориҷӣ ва Рушди Байналмиллалии Британиёи Кабир (FCDO) ва дастгирии Институти «Ҷамъияти кушода» — Бунёди Мадади Тоҷикистон омода шудааст.

воскресенье, 20 декабря 2020 г.

Тоҷикистон: Бонкҳо ба занон такя мекунанд


Бонки миллии Тоҷикистон ба бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии хурд тавсия додааст, мутахассисони занро бештар ба вазифаҳои марбут ба фаъолияти молиявӣ ҷалб кунанд. Феълан, теъдоди занҳо дар ҳама сатҳҳои низоми молиявӣ, амонатгузорию қарздиҳӣ, дар раёсати бонкҳо ва танзимгарию роҳбарӣ нисбат ба мардон камтар мебошад.

Бино ба иттилои Мавҷуда Ҳасанова, сардори дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир аз теъдоди умумии кормандони низоми бонкии кишвар 6231 нафар ё 35,5 дарсадро занҳо ташкил медиҳанд.  Ба гуфтаи ӯ, дар қиёс ба соли сипаришуда ин нишондод 4,7% бештар мебошад. Ҳамзамон хонум Ҳасанова афзуд, дар сохторҳои БМТ қисми муайяни вазифаҳои роҳбарикунандаро занҳо ишғол мекунанд. “Аз теъдоди умумии вазифаҳои роҳбарикунандаи БМТ имрӯз 36 нафар ё 24%-ро занон ба ӯҳда доранд”,-илова намуд сардори дафтари матбуоти БМТ.

Дар ҳамин ҳол, бархе коршиносон мегӯянд, дар бархе масоил, монанди аз мушкилоти молиявӣ берун баровардани бонк масъулиятшиносии занҳо бештар мебошад. Чунки нисбат ба дахлу харҷи маблағҳо хеле ҷиддӣ муносибат мекунанд. Дилором Вазирзода, устоди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар ин робита изҳор дошт:

      Вазирзода Дилром - омӯзгори ДДК

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар дар мулоқот бо намояндагони  блоки иқтисодӣ ба роҳбарони Бонки миллӣ ва “Амонатбонк”  супориш дода буд, теъдоди зиёди кормандони низоми бонкӣ, ба вижа филиалҳояшон дар шаҳру ноҳияҳои кишварро аз ҳисоби занону духтарон таъмин созанд. Бино ба иттилои расмӣ, дар Бонки миллӣ 35% ва дар “Амонатбонк” 41%-и кормандонашон занҳо мебошанд.

Дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон барои ҷалби занон ва духтарон ба кор дар филиалҳои бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ чораҳои мушаххас андешида мешавад. Чигунагии ҳузури занҳо дар муассисаҳои молии минтақаи Кӯлобро дар тасвирбаёни зер бубинед:

Сарчашма: Шуьбаи минтакавии Бонки милии Точикистон дар минтакаи Кулоб  

Назарпурсие ки дар баъзе ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб миёни аҳолӣ анҷом додем, нишон медиҳад, ки фикрҳо дар мавриди ҷалби занҳо барои кор дар бонкҳо якгуна нест. Бархеҳо ҷонибдори ҷалб шудани занҳо дар фаъолияти бонкӣ ҳастанд, аммо қисме бар инанд, ки фаъолияти занон бояд дар низоми бонкӣ коҳиш дода шавад. Чунки ба андешаи онҳо баъзе амалиётҳои бонкӣ водор месозад, ки корманд то соатҳои 6-7-и бегоҳ дар ҷойи кораш бошад.

Бархе пурсидашудаҳо гуфтанд, дар филиалҳои баъзе бонкҳо кормандон, ба вижа занҳо бо мизоҷон муомилаи хуб надоранд ва сари вақт хизматрасониҳои бонкиро иҷро карда наметавонанд.

Сарчашма: Тадқиқоти муаллиф  


Анвар Шарифов
Равоншинос Анвар Шарифов ҷалби занон барои кор дар сохторҳои бонкиро қарори дуруст ва саривақтӣ медонад. “Меҳри модарӣ дар занон эҳсос мешавад. Аз ин рӯ занҳо бештар ба масъалаҳои иҷтимоӣ таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд. Зан бештар хароҷоти буҷаи оиларо бар дӯш мегирад, аз ин рӯ вай дар ин масъалаҳо эҳтиёткор ва сарфакор аст. Илова бар ин, занон камтар ба вайрон кардани қонунҳо даст мезананд".

Сарвиноз Каримова, собиқ корманди низоми бонкӣ бар ин назар аст, ки на ҳама кормандони бонк намунаи ибрат буда метавонанд. Ба андешаи ӯ, ташаббуси Бонки миллӣ моҳиятан хуб аст, аммо танҳо дар сурате, ки мутахассисони салоҳиятдор ба кор ҷалб карда шаванд. “Имрӯз дар баъзе бонкҳо нафароне ба кор ҷалб мешавад, ки фарҳанги пасти молиявӣ дошта, ба мизоҷон муомилаи хуб намекунанд”,-таъкид мекунад ӯ.  

Коршиноси соҳаи молия ва бонкдорӣ Пайрав Саидзода мегӯяд, афзоиши ҳиссаи занон дар Шӯроҳои бонкӣ ва нозирон метавонад сабаби устувории молиявӣ гардад, чунки занҳо дар идоракунии хавфу хатар ва бартарфсози онҳо ба осонӣ муваффақ мешаванд.

Пайрав Саидов - мутахассиси бахши молия ва бонкдори  

Баланд бардоштани саводи молиявии занон ва дастрасӣ ба хидматҳои молиявиро коршиносон аз омилҳое ном мебаранд, ки иштироки занонро дар иқтисодиёт, ба вижа дар соҳаи бонкдорӣ афзоиш медиҳанд. Ҷалби занон ба иқтисодиёт ба рафъи камбизоатӣ ва афзоиши шукуфоӣ мусоидат мекунад.


Низомиддин Комилов

Матлаб бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» дар доираи лоиҳаи “Дастгирии  идоракунии молияи давлатӣ дар Тоҷикистон”, бо маблағгузории Вазорати Корҳои Хориҷӣ ва Рушди Байналмиллалии Британиёи Кабир (FCDO) ва дастгирии Институти «Ҷамъияти кушода» - Бунёди Мадади Тоҷикистон омода шудааст.

понедельник, 14 декабря 2020 г.

Шаффофияти буҷа дар Кӯлоб. Шаҳрвандон медонанд, ки андози супурдаашон чӣ гуна харҷ мешавад?

Яке аз манбаъҳои маблағгузорӣ ба ҳама самтҳои иҷтимоӣ-иқтисодии шаҳри Кӯлоб ин маблағгузори аз ҳисоби буҷаи маҳаллии шаҳр мебошад. Буҷаи шаҳри Кӯлоб дотатсионӣ буда, ҳамасола аз ҳисоби буҷаи ҷумҳуриявӣ кумаки молиявӣ мегирад. Бо вуҷуди он, буҷаи маҳаллӣ манбаи асосии маблағгузории Барномаи Рушди иқтисодӣ-иҷтимоии шаҳр ба шумор меравад. Самаранокии истифода бурдани маблағҳои буҷавӣ аз шаффоф будани он шаҳодат медиҳад.  Пайгирии ин мавзӯъ ба манфиати ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, барои тақвияти унсурҳои демократӣ мусоидат хоҳад кард. Зимнан, шаффофият дар бобати ҳама паҳлӯҳои буҷа эътимоди мардумро ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ меафзояд. Зеро ҳар шаҳрванд медонад, ки андози супурдааш чӣ гуна ва ба куҷо харҷ мешавад. Аз ҳама муҳимаш, агар шаффофияти буҷа таъмин гардад, сатҳи амалҳои коррупсионӣ дар ҷомеа кам мешавад.

 

Сарчашма: Раесати молияи шахри Кулоб.

Тавре маълум аст таҳия ва тасдиқи буҷаи маҳаллии ҳар шаҳру ноҳия ба зиммаи Раёсатҳои молияи шаҳр ё ноҳияҳо вогузор шудааст. Дар вақти лоиҳаи таҳия ва тасдиқи  буҷа вакилони халқӣ ва намоядагони Раёсати  молия иштирок мекунанд. Ҷиҳати чӣ гуна сурат гирифтани ин марҳилаи амалишавии тасдиқи буҷаи маҳаллии шаҳри Кӯлоб котиби комиссия оид ба таҳия ва тасдиқи буҷаи маҳаллӣ, вакили маҳаллии шаҳри   Кӯлоб – Лутфия Расулова таъкид намуд:



Расулова Лутфия - котиби коминссия оид ба таҳия ва тасдиқи буҷетӣ маҳалии шаҳри Кулоб

Манбаи асосии ғанӣ гардонидани буҷаи маҳаллии шаҳри Кӯлоб аз ҳисоби даромадҳои андозии корхонаю муассисаҳои шаҳрӣ ва даромадҳои аҳолӣ мебошад. Коршиносон яке аз сабабњои шаффоф будан буљети мањалиро ин иштироки шаҳрвандон дар муҳокимарони таҳия ва тасдиқи буҷет медонанд.


Муқими Муборак Рустамзода - таҳлилгар

Ҷиҳати то кадом дараҷа шаффоф будани буҷаи маҳаллии шаҳр дар байни аҳолӣ пурсишномае гузаронидем. Натиҷаҳои ин пурсишномаро дар тасвирбаёни зер мушоҳида кунед:

Сарчашма: Тадкикоти муаллиф дар асоси пурсишномахо

Лоиҳаи буҷаи маҳаллии шаҳру ноҳияи минтақаи Кӯлоб   бо назардошти манбаъҳои андозбандии ҳар ташкилоту муассисаҳо ва шахсони хуқуқиқию воқеъӣ, бидуни ба инобат гирифтани муҳокимаронии қисмати ҳиссаи камтари аҳолӣ аз ҷониби маҷлиси вакилони халқи ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб қабул ё тасдиқ мешавад. Шаффофияти буҷа, муҳокимаронӣ таҳия ва тасдиқи буҷаи маҳаллии шаҳри Кӯлоб то куҷо воқеъият дорад?


Сарчашма: Тадкикоти муаллиф дар асоси пурсишномахо

Буҷае ки бо ширкати фаъолони ҷомеа таҳия мегардад, нисбатан мукаммалтар хоҳад буд ва аз ҳама  муҳим ҷиҳати пешгирӣ намудани хароҷоти беҳуда мусоидат намуда, барои самараноктар харҷ шудани маблағҳои буҷа кумак мерасонад.

 

Муаллиф:

Низомиддин Комилов

Матлаб бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» дар доираи лоиҳаи “Дастгирии  идоракунии молияи давлатӣ дар Тоҷикистон”, бо маблағгузории Вазорати Корҳои Хориҷӣ ва Рушди Байналмиллалии Британиёи Кабир (FCDO) ва дастгирии Институти «Ҷамъияти кушода» - Бунёди Мадади Тоҷикистон омода шудааст.



суббота, 1 сентября 2018 г.

ҲИССАИ КОРХОНАИ МУШТАРАКИ "ЗАРАФШОН" ДАР ТАЪМИН НАМУДАНИ БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ


ВАҚТЕ САНДУҚИ САҲМИЯ БА ДАСТИ ЧИНОИҲО АСТ...

Чаро бо вуҷуди он ки ширкати Канада 100% саҳмияҳои корхонаи тавлиди тилои Ќирғизистонро дар даст дорад, онро барои ин кишвар хатарзо намедонанд, аммо дар Тоҷикистон ҳатто бо вуҷуди доштани 30 % саҳмияҳо пеш омадани мушкилотро баъид намедонанд?


Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, чанд сол қабл,вақте ҳанӯз раиси вилояти Суғд буд, дар як ҷаласа дар шаҳри Панҷакент зимнихитоб ба роҳбарони шаҳр гуфт, ки “Шумо фақат ба корхонаи муштараки «Зарафшон» умед набандед!Тасаввур намоед, ки як рӯз ин корхона аз фаъолият бомонд... пас чӣ кор мекунед?”




Бо вуљуди таъкидњои сарвазир, мисле, ки  њоло њам умеди охирини  сокинони шањри Панљакент ба  фаъолияти ЉДММ “Зарфшон” нигаронида шудааст.


Нишондодхои шашмоњаи соли равон дар Панҷакент нишон дод,ки то ба њол андоз, нафаќа ва маоши кормандони соњаи буљавї  дар ин минтаќа аз  корхонаи муштараки  “Зарафшон” вобастагии калон доштааст.Бар илова, вақте корхонаи мазкур аз кор бозмонд, мушкилоти иҷрои нақшаи буҷети ноҳия, маош нагирифтани мардум пеш омад.Сабаби аз фаъолият бозмондани корхонаро масъулини он, тамом шудани муњлати иљозаномаи  коргоњ барои истихрољи тилло арзёбї мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, корхонаи муштараки «Зарафшон» корхонаи  калонтарини тавлиди тилло дар кишвар ба шумор меравад. Аз соли 1994 то соли 2007 аксарияти сањмияњои корхонаи мазкур ба ширкати бритониниёии "Commonwealth & British Mineral Ltd»тааллуќ дошт.

То солҳои наздик 75% -и саҳмияҳои корхонаи муштараки тиллоистењсолкунии Тољикистону Чин - «Зарафшон» ба ширкати «Зиљин»-и Хитой ва 25% ба Тољикистон иртибот мегирифт. Ахиран Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон, бо имзои як қарор ба раиси Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатии Љумњурии Тољикистон супориш дод,ки созишномаеро байни ҳукумат ва ширкати байналмилалии чинии “Тезинфен”-ба имзо расонад. Тибќи ин созишнома ширкати чиноӣ розигии худро додааст,ки ба љойи таќрибан 1-миллион доллар дар ивази 5 фисади сањмияњо фаќат 1-доллар пардохт кунаду халос.

Гап сари моҳияти стратегӣ доштани ин корхона меравад. Зеро истењсоли тилло дар корхонаи мазкур  нисбат ба дигар корхонањои тавлидкуннадаи  ин намуди мањсулот фарқи калоне дида мешавад.


Коршиносон ба ин назаранд, ки ҳар кишвар барои худ самтҳои стратегие дорад, ки дар фурӯши саҳмияи онҳо хеле фикр мекунад. Аз ҷумла, корхонаҳои тавлиди тило дар дунё барои бархе мамолик аз ҷумлаи корхонаҳои ҳамчунин аст. Бар илова, вақте чинињо танњо ба коркарди он машғуланд, дар ин њолат 30% гирифтани даромад барои Тоҷикистон хеле ночиз аст.

Тавре Зулфиќор  Исмоилиён,  коршиноси иќтисодї мегӯяд:То ҷое ман медонам, дар Тоҷикистон пакети аксияи аксари корхонаҳои коркарди тилло дар дасти хориҷиҳо, хусусан Чин мебошанд. Вале Тоҷикистон як кишваре ҳаст, ки аз ҷиҳати моливу иқтисодӣ заъиф мебошад. Агар бо кишварҳои хориҷӣ ҳамкорӣ накунад, иқтисодиёташ пеш намеравад.Аз ин лиҳоз, мо метавонем пакети аксияҳои худро ба  кишварҳо ихориҷӣ диҳем. 

Кормандони собиќи ин корхона ба хотир меоранд, ки солњои аввали фаъолияти муштараки ин корхона бо англисњо, пакети саҳмияҳо таносуби дигар дошт: 49% англисҳо ва 51% Тољикистон.

Гуфта мешавад чунин тартиби тақсими саҳмияҳо муносибтар буд. Ҳарчанд таљрибаи кишварҳои дунё дар мавриди сармогузорї ба конњои  истихрољкунанда, хусусан коркарди тилло, гуногун аст. Ҳатто, агар муносибат ба соҳаро дар Ќирѓизистони ҳамсоя бубинем, фарқи калонеро шоҳид мешавем:



Корхонаи муштараки «Зарафшон» ҳам яке аз сарчашмаҳои асосии таъмини буҷети шаҳри Панҷакент, вилояти Суғд ва мамлакат ба шумор меравад.Корхонаи мазкур  ба нишондињнадањои иќтисодии шањри Панљакент таъсири калон дошта, њамасола ба буљети давлатї маблаѓњои зиёде њамчун даромадњои андози пардохт менамояд.Ин корхонаи азим зиёда аз 92%-и истеҳсолоти маҳсулоти саноатии шаҳри Панҷакентро тавлид мекунад.



Низомиддин Комилов
Хуршед Фозилов 
Миҷгона  Ҳалимова







Таъсири COVID-19 ба иқтисоди Тоҷикистон

Бемории ҳамагири COVID-19 ё коронавируси нав ба вазъи иқтисодии ҷаҳон таъсири амиқ гузошт, ки Тоҷикистон ҳам истисно нест. Ҳарчанд бархе кор...