воскресенье, 20 декабря 2020 г.

Тоҷикистон: Бонкҳо ба занон такя мекунанд


Бонки миллии Тоҷикистон ба бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии хурд тавсия додааст, мутахассисони занро бештар ба вазифаҳои марбут ба фаъолияти молиявӣ ҷалб кунанд. Феълан, теъдоди занҳо дар ҳама сатҳҳои низоми молиявӣ, амонатгузорию қарздиҳӣ, дар раёсати бонкҳо ва танзимгарию роҳбарӣ нисбат ба мардон камтар мебошад.

Бино ба иттилои Мавҷуда Ҳасанова, сардори дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир аз теъдоди умумии кормандони низоми бонкии кишвар 6231 нафар ё 35,5 дарсадро занҳо ташкил медиҳанд.  Ба гуфтаи ӯ, дар қиёс ба соли сипаришуда ин нишондод 4,7% бештар мебошад. Ҳамзамон хонум Ҳасанова афзуд, дар сохторҳои БМТ қисми муайяни вазифаҳои роҳбарикунандаро занҳо ишғол мекунанд. “Аз теъдоди умумии вазифаҳои роҳбарикунандаи БМТ имрӯз 36 нафар ё 24%-ро занон ба ӯҳда доранд”,-илова намуд сардори дафтари матбуоти БМТ.

Дар ҳамин ҳол, бархе коршиносон мегӯянд, дар бархе масоил, монанди аз мушкилоти молиявӣ берун баровардани бонк масъулиятшиносии занҳо бештар мебошад. Чунки нисбат ба дахлу харҷи маблағҳо хеле ҷиддӣ муносибат мекунанд. Дилором Вазирзода, устоди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар ин робита изҳор дошт:

      Вазирзода Дилром - омӯзгори ДДК

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар дар мулоқот бо намояндагони  блоки иқтисодӣ ба роҳбарони Бонки миллӣ ва “Амонатбонк”  супориш дода буд, теъдоди зиёди кормандони низоми бонкӣ, ба вижа филиалҳояшон дар шаҳру ноҳияҳои кишварро аз ҳисоби занону духтарон таъмин созанд. Бино ба иттилои расмӣ, дар Бонки миллӣ 35% ва дар “Амонатбонк” 41%-и кормандонашон занҳо мебошанд.

Дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон барои ҷалби занон ва духтарон ба кор дар филиалҳои бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ чораҳои мушаххас андешида мешавад. Чигунагии ҳузури занҳо дар муассисаҳои молии минтақаи Кӯлобро дар тасвирбаёни зер бубинед:

Сарчашма: Шуьбаи минтакавии Бонки милии Точикистон дар минтакаи Кулоб  

Назарпурсие ки дар баъзе ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб миёни аҳолӣ анҷом додем, нишон медиҳад, ки фикрҳо дар мавриди ҷалби занҳо барои кор дар бонкҳо якгуна нест. Бархеҳо ҷонибдори ҷалб шудани занҳо дар фаъолияти бонкӣ ҳастанд, аммо қисме бар инанд, ки фаъолияти занон бояд дар низоми бонкӣ коҳиш дода шавад. Чунки ба андешаи онҳо баъзе амалиётҳои бонкӣ водор месозад, ки корманд то соатҳои 6-7-и бегоҳ дар ҷойи кораш бошад.

Бархе пурсидашудаҳо гуфтанд, дар филиалҳои баъзе бонкҳо кормандон, ба вижа занҳо бо мизоҷон муомилаи хуб надоранд ва сари вақт хизматрасониҳои бонкиро иҷро карда наметавонанд.

Сарчашма: Тадқиқоти муаллиф  


Анвар Шарифов
Равоншинос Анвар Шарифов ҷалби занон барои кор дар сохторҳои бонкиро қарори дуруст ва саривақтӣ медонад. “Меҳри модарӣ дар занон эҳсос мешавад. Аз ин рӯ занҳо бештар ба масъалаҳои иҷтимоӣ таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд. Зан бештар хароҷоти буҷаи оиларо бар дӯш мегирад, аз ин рӯ вай дар ин масъалаҳо эҳтиёткор ва сарфакор аст. Илова бар ин, занон камтар ба вайрон кардани қонунҳо даст мезананд".

Сарвиноз Каримова, собиқ корманди низоми бонкӣ бар ин назар аст, ки на ҳама кормандони бонк намунаи ибрат буда метавонанд. Ба андешаи ӯ, ташаббуси Бонки миллӣ моҳиятан хуб аст, аммо танҳо дар сурате, ки мутахассисони салоҳиятдор ба кор ҷалб карда шаванд. “Имрӯз дар баъзе бонкҳо нафароне ба кор ҷалб мешавад, ки фарҳанги пасти молиявӣ дошта, ба мизоҷон муомилаи хуб намекунанд”,-таъкид мекунад ӯ.  

Коршиноси соҳаи молия ва бонкдорӣ Пайрав Саидзода мегӯяд, афзоиши ҳиссаи занон дар Шӯроҳои бонкӣ ва нозирон метавонад сабаби устувории молиявӣ гардад, чунки занҳо дар идоракунии хавфу хатар ва бартарфсози онҳо ба осонӣ муваффақ мешаванд.

Пайрав Саидов - мутахассиси бахши молия ва бонкдори  

Баланд бардоштани саводи молиявии занон ва дастрасӣ ба хидматҳои молиявиро коршиносон аз омилҳое ном мебаранд, ки иштироки занонро дар иқтисодиёт, ба вижа дар соҳаи бонкдорӣ афзоиш медиҳанд. Ҷалби занон ба иқтисодиёт ба рафъи камбизоатӣ ва афзоиши шукуфоӣ мусоидат мекунад.


Низомиддин Комилов

Матлаб бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» дар доираи лоиҳаи “Дастгирии  идоракунии молияи давлатӣ дар Тоҷикистон”, бо маблағгузории Вазорати Корҳои Хориҷӣ ва Рушди Байналмиллалии Британиёи Кабир (FCDO) ва дастгирии Институти «Ҷамъияти кушода» - Бунёди Мадади Тоҷикистон омода шудааст.

Комментариев нет:

Отправить комментарий

Таъсири COVID-19 ба иқтисоди Тоҷикистон

Бемории ҳамагири COVID-19 ё коронавируси нав ба вазъи иқтисодии ҷаҳон таъсири амиқ гузошт, ки Тоҷикистон ҳам истисно нест. Ҳарчанд бархе кор...