четверг, 28 апреля 2016 г.
вторник, 26 апреля 2016 г.
понедельник, 25 апреля 2016 г.
четверг, 17 марта 2016 г.
НИЗОМИ БОНКДОРИИ
ИСЛОМЇ: МУАММОЊО ВА РУШДИ ОН
Иќтисоди исломї
соњаи фаъолияти динї
набуда, танњо як
низоми иќтисодї мебошад. Бинобар
ин на танњо
барои мусалмонон, балки
барои тамоми намоянда-гони
дину мазњабњои гуногун
метавонад судманд ва қобили қабул бошад. Аз ин рў, њар фарди љомеа метавонад
мизољи бонки исломї бошад ва татбиќ намудани ин асл њељгуна исломикунонии
љамъиятро дар пай нахоҳад дошт.
Иќтисоди исломї
аслан адолат ва
баробарњуќуќиро дар мадди
аввал гузошта, имкон намедиҳад, ки
тарафњо ба таври
ѓайриќонунї бой шаванд
ва мањсулотњои бонкї ва
ќарордодњои тиљоратии он низ бар асоси њамин асл танзим мешаванд.
Бонки исломї
низ монанди дигар
бонкњои тиљоратї њамчун
миёнарав амонатњои мардумро љалб
намуда, дар навбати худ ба соњибкорон барои амалигардонии лоињањои тиљоратї
маблаѓгузорї менамояд. Бояд зикр намуд, ки бонки исломї барои амонат ва
ќарз гирифтану пардохтани он, ситонидани фоизро мамнўъ медонад. Ин ба он вобаста
аст, ки тибқи фаҳмиши шаръї
пул њамчун воситаи муомилот, додугирифт
ва воњиди пардохт
(хариду фурўши мањсулот)
пешбинї шудааст, на
воситаи љамъкунї бо маќсади ба даст овардани фоида.
Пас суоли матраҳ ин
аст, ки «ќарзи исломї» аз чї иборат аст ва бонкњои исломї чї
тавр фоида ба
даст меоранд, агар
ќарзњои онњо бефоиз
бошанд? Бояд таъкид намуд, ки низоми маблаѓгузории исломї мафњуми
«ќарз»-ро ќабул надорад, дар ин љо мо ин калимаро барои оммафањм шудани он истифода мебарем. Пеш аз њама, ҳар як
маблаѓгузорї арзиши худро
дорад, яъне худи
ќарзњо ройгон нестанд.
Дар њамаи ќарордодњои
маблаѓгузории исломї бояд хариду фурўши ягон мањсулот ба амал
ояд, яъне маблаѓгузорї
ба таври истисно
дар бадали мањсулот
ба амал меояд. Дар маблаѓгузорие,
ки маќсад аз ќарз суд бардоштан бошад,
мамнўъ аст, ба монанди ќарзњои истеъмолї, ки барои харољоти шахс дода мешавад
ва ба куљо харљ шудани он маблаѓ муайян нест.
Бонкдории
исломї шаффофияти муомила
ва иштироки баробари
тарафҳоро дар фойда ва зарар
зимнан дар назар гирифтааст. Дар
шароите, ки низоми муќар-рарии
бонкї њамаи хавфњоро бар гардани соњибкор мегузорад, вале бонк дар дилхоњ натиљаи
муомилот бурд мекунад, шариат наќш ва имконияти
бонк ва соњибкорро баробар месозад. Фоидаи бонки исломї аз њисоби фоидаи
њиссагузорї муайян мегардад, ки дар натиља бонк низ барои бомувафаќият анљом
додани муомилот њавасманд аст.
Барои аз маблаѓгузорї фойда ба
даст овардан бонк бояд дар таќсимоти кулли фойда ва зарари (хавф) мизољ шарик
бошад. Боз як талаботи ќонунњои шариат
ин аст, ки захирањо бояд бањри манфиати кулли љомеа равона гарданд.
Мањсулотњои бонкии
исломї тамоми соњаи
иќтисодиётро фаро гирифта, раванди мунтазам гузаштани бонкњои
тиљоратиро ба принсипњои фаъолияти бонкии исломї, ки ба манфиатњои комили
ќарздињандаву ќарзгиранда мувофиќат мекунанд, амалї менамояд.
Самаранокии бештар дар
њолате тасаввур мешавад,
ки агар бонкњои алоњида
нимпурра ба талаботи
дар боло зикргардида
гузаранд, зеро гузариши давраи
ќарздињї боиси афзоиши њаљми ќарзњои хурду миёна дар заминаи бастани шартномањо
барои иштироки бонкњо дар таќсимоти даромад, хоњад шуд. Ин гузариш љалби
захирањои бефоизро аз шахсони воќеї ва бонкњои исломї, инчунин роњи воќеии
кам кардани андозаи
фоизњои ќарз ва
амонатро дар љумњурї
таъмин менамояд. Дар натиља
меъёрњои одобиву ахлоќии
он шањрвандоне, ки
истифодаи фоизро ќабул надоранд,
вайрон карда намешавад,
зеро њамаи амалиётњо
вобаста ба ин намуди мањсулоти бонкї мувофиќи шариат ќатъиян риоя карда
мешавад.[1; сањ 360]
Низоми бонкдории
исломї рўз аз рўз иќтисодиёти
мамлакатњои мутараќќии љањонро
фаро гирифта истодааст ва афзоиши ин раванд њамасола 10-15 дар садро ташкил медињад.
Аксари кишварњои ѓарбї
ин роњро њамчун
василае барои љалби сармояи кишварњои арабї пеш гирифтаанд.
Инро мо дар мисоли Бритониё, яке аз кишварњои
пешрафтаи Аврупои Ѓарбї
метавонем мушоњида намоем.
Бонки исломии Бритониё
(Islamic Bank of Britain
(IBB) моњи августи
соли 2004 пас аз
гирифтани иљозатнома ба фаъолият шурўъ намуд ва дар як муддати кўто њ ба яке аз
бонкњои пешсафи мамлакат табдил ёфт. Соли 2010 ин бонк дорои 8 филиал буд ва
ифтитоњи боз 5 филиали дигарро солҳои наздик дар наќша дорад.
Њамчунин дар се-чор соли оянда
бонк тасмим гирифтааст,
ки фаъолияти худро
то дањ маротиба вусъат бахшад.
Дар Бритониё ба љуз UK`s
Islamic Bank of
Britain бонкњои HSBC Amanah низ таъсис дода шудаанд. Бо чунин
ташаббус, низ бонкњое чун BNP Paribas, Lloyds TSB, American Finance House, Bank
of Whittier, Devon Bank баромад карданд.
Дар вазъияти
тањдиди бўњрони љањонї
татбиќи низоми молиявии
исломї метавонад таъсири онро ба иќтисодиёти кишварҳо коњиш дода, дар бунёди иќтисоди нерўманд наќши
муњиме дошта бошад.
Дар њоле, ки
кишварњои њамсояи дуру наздики
мо (Ќирѓизистон, Ќазоќистон
ва Озорбойљон) ба
ин раванд рў
овардаанд, кишвари мо низ
аз он набояд
дар канор монад. Татбиќи
низоми мазкур боварии аҳолиро ба
сохторҳои молиявї
бештар ва љалби
амонатҳоро бамаротиб
афзун менамояд. Аз сўи дигар, ин омил сабаби љалби сармояи
кишварњои исломї, хусусан мамолики арабї ба иќтисоди кишвар хоњад шуд.
Кишварњое, ки аксарияти ањолиашон
мусалмонанд, бояд низоми
иќтисод ва молиявии хоси
худро дошта бошанд,
ки бо дин
ва фарњанги ањолиаш
мутобиќ бошад. Натиљаи пурсишњо, омўзишу тадќиќотњо нишон дод, ки ин
низоми иќтисодї ва молиявї барои шаҳрвандон муносибтару
бењтар аст. Аз
ин рў, мо
бояд тамоми омилњоро бањри
пешрафт ва тараќќии иќтисодиёти кишвар истифода намоем.[2; 66-77]
Роњандозии низоми
бонкдории исломиро дар
Тољикистон, метавон як
навъ нигоњи љадид ба
олами молия номид,
ки он барои
љалби њарчи бештари сармоягузорї аз давлатњои аъзои Бонки
Исломии Рушд (БИР) омили тоза ва муњим хоњад
буд. Тавре мо
аллакай шоњид гаштем,
аз 18 то
23 майи соли
2013 дар пойтахти давлатамон
шањри Душанбе чорабинии бисёр арзишманд
- Вохўрии 38-уми Шўрои мудирони Бонки Исломии Рушд баргузор гашт, ки дар
он беш аз 740 мењмони воломаќоми
ќариб 80 кишвари
љањон ва созмонњои
сершумори минтаќавию љањонї ширкат доштанд. Нахуст бояд гуфт, ки
бисёре аз мењмонон дар партави ин њамоиш нуќтаи
назари худро аз
натиљаи чорабинињои баргузоргардида баён
дошта, бо дилпурї ќайд
намуданд, ки агар
Тољикистон дар низоми
иќтисодию молии худ молияи
исломиро вусъат бахшад,
њаљми сармоягузорї дар
ин кишвар аз
њисоби сармоягузорони
кишварњои мусалмонї ба
таври чашмгир афзоиш
меёбад, чунки теъдоди хоњишмандони
сармоягузорї бар кишварњое,
ки рў ба
молияи исломї овардаанд, нисбатан
зиёданд.
Вобаста ба
кишвари мо тавре
њамагон медонанд, 99
дарсади ањолии Тољикистонро мусалмонон
ташкил медињанд ва
маълум аст, ки
молиядории вижаи исломї бо тамоми
љанбањояш (аз љумла мамнўъ будани рибо –
фоиз ва љоиз будани тиљорат) яке аз умдатарин арзишњои эътиќодии
мусалмонон мањсуб меёбад. Аз ин лињоз,
айни муддао хоњад
буд, агар мо
фурсати муносиби дар
баробари низоми иќтисодии муќаррарї
љорї намудани низоми
алтернативии иќтисодї, яъне
низоми молии исломиро ѓанимат шуморем. Зеро ин тамоилоти мусбат дар тўли
таърих ва дар миќёси љањон
таљрибаи ѓанї андўхта,
алњол худ бо
оѓўши кушода (имтиёзњои маќбул ва
натоиљи собиту шаффоф)
ба пешвози кишвари
тозаистиќлоли мо баромадааст, то
онро њамќадами худ созад. Ин тамоилот алалхусус пас аз он ки дар диёри мо
нишасти 38 –уми Шўрои мудирони
Бонки Исломии Рушд
баргузор гашт, нерўи нисбатан
тоза гирифт.
Бо татбиќ
гардидани мањз низоми
молии исломї Тољикистон
дар муддати кўтоњ метавонад ба як
маркази минтаќавии низоми молии исломї дар Осиёи Миёна табдил ёфта, њамзамон ба
афзоиши суръати татбиќи аксари барномањои Њукуматї, амсоли паст кардани сатњи
камбизоатии ањолї, коњиш додани сатњи бекорї ва дигар омилњои мусбати
иќтисодии кишвар мусоидат
кунад. Албатта дар
минтаќаи Осиёи Миёна аввалин
шуда ба ин низом Ќирѓизистон
ва баъдан Ќазоќистон
майл намуд, аммо он
шароиту заминаи мусоид
ва дастгирие, ки
дар Тољикистон вобаста
ба татбиќи ин низом
аён гашт, аз
ќабили нисбатан баланд
будани сатњи тамоили мардуми Тољикистон
ба арзишњои Ислом,
нахуст дар сатњи
Њукуматї истиќболу пуштибонї шудани
низоми молии исломї
дар Тољикистон (дар
ду кишвари номбурдаи Осиёи
Миёна дар ин
самт асосан бахшу
нињодњои молиявии мањаллї ташаббус нишон
доданд, на Њукумат)
ва ѓайра шояд
дар њељ мамлакати
минтаќаи Авруосиё мушоњида нашуда бошад. Дар Ќазокистон низоми мазкур
агарчи аз љониби Президенти ин кишвар
дастгирї ёфт, вале
ворид намудани таѓйиру
иловањо ба ќонунњои дахлдори
он, ба низоми
бонкдории исломї имкон
надод, ки њамчун равзанаи исломї њамзамон бо фаъолияти
бонкњои амалкунандаи муќаррарї рўи кор ояд.
Яъне мувофиќи Ќонунгузории
Ќазокистон фаъолияти бонкњои
исломї дар алоњидагї ва
танњо дар асоси
таъсиси бонки људогонаи
исломї љоиз дониста шудааст.
Вале
дар Тољикистон тавре
маълум аст, бо
дастгирии якмароми Њукумати кишвар дар
байни Бонки Миллї
ва Ширкати байналмилалї
- машваратии «Зайд Иброњим ва Ко» (Малайзия) шартномаи њамкорї оид ба рушди
бонкдории исломї ба тасвиб расида буд, ки тибќи ин шартнома коршиносон барои
густариши низоми бонкї лоињаи Ќонуни
ЉТ “Дар бораи
фаъолияти бонкии исломї”
– ро тањия намуданд. Лоињаи
мазкур пас аз
омўзиш ва баррасии
мутахассисон ба Њукумати кишвар равон
карда шуд ва
28.03.2014 дар маљлиси
навбатии Њукумат тањти раёсати
Президенти Љумњурии Тољикистон,
Раиси Њукумати кишвар
Эмомалї Рањмон баргузор гардид, ки дар он Лоињаи Ќонуни Љумњурии
Тољикистон “Дар бораи бонкдории
исломї” маъќул дониста
шуда, ба баррасии
Маљлиси намояндагони Маљлиси Олї пешнињод
ва 14.05.2014. қабул
гардид. Ёдрас мекунем, ки моҳи июли соли ҷорӣ палатаи болоии
парлумони Ҷумҳурӣ Қонун «Дар бораи фаъолияти
бонкии исломӣ»-ро ҷонибдорӣ намуд
ва он санаи
26.07.2014 аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба
имзо расонида шуд.
Санаи 5-уми август
дар нашрияи
расмии Ҳукумати Тоҷикистон - «Ҷумҳурият» Қонуни ҶТ «Дар
бораи фаъолияти
бонкии исломӣ» ба
нашр расид ва
аз ин ба
баъд он мавриди
амал қарор дода мешавад.[3] ;
Тавре таљрибањо
собит кардаанд, мушкилоти
татбиќу роњандозии њамагуна лоињањои бузург нисбат ба тасмим ва
ё ќабули онњо маъмулан зиёдтар хоњад буд ва дар
марњилаи аввал бояд
донист, ки бо
вуљуди дар Тољикистон
дастгирии њамаљониба ёфтани низоми
молии исломї анљом
додани якчанд кори
муњими тадорукотї дар остонаи вуруд ба низоми бонкдории исломї нињоят
зарур аст:
Аввалан, бояд
мардумро билкул аз
моњияти ин низом
огоњ сохт, то
ки дар оянда њам
барои бонкњо ва
њам барои ањолие,
ки мизољони бевоситаи
бонкњо дониста шуда, аз ин низом истифода мекунанд, нофањмињо ба вуљуд
наоянд;
Баъдан, барои
фаъолияти босамари ин низом омода намудани мутахассисони соњавї зарур
мебошад, зеро дар
њоли ангуштшумор будани
кормандони њирфаї имконияти ба
таври пурсамар истифода намудани ин низом коњиш меёбад;
Инчунин, аз њоло шурўъ намуда, бонкњо ва
муассисањои ќарзие, ки нияти дар фаъолияти худ
љорї намудани низоми
молии исломиро доранд,
бояд корњои омодагї, омўзишї ва
тањлилию тадќиќотиро љиддан пурзўр намуда, тибќи талаботи мављуда мукотиботу
муколамаро бо нињодњои молии исломї, амсоли Бонки Исломии Рушд ва дигар
нињодњои зертобеъи он ба роњ монанд, чуноне ки алњол ин иќдомро роњбарияти ЉСК
«Тољиксодиротбонк» пеш гирифтааст.
Инљо суоле
ба миён меояд,
ки дар њоле
ки мављудияти мутахассисони таљрибадида дар
рушди босамари низоми
молии ибтидо чї
тадбир бояд андешид,
то ки дар
Тољикистон ин низоми
чадиди молї аз мутахассисон танќисї накашад?
-Барои рафъи
мушкилоти норасоии мутахассисон,
ки алњол бештар
эњсос мегардад, нахуст он
мутахассисонеро, ки дар
ин љода корњои
илмию тадќиќотї мебаранд, барои
таљрибаомўзї бояд ба
бонкњои исломї равона
кард. Дар њамин замина
Институти илмию-тадќиќотии исломї,
ки гурўњи Бонки
Исломии Рушд мебошад, вобаста ба
наќшаи тањияи барномаи њамкории сесола (2014, 2015, 2016) бо институтњои
молиявии давлатњои аъзои Бонки Исломии Рушд, иќдом гирифтааст, ки эњтиёљоти
институтњои молиявии давлатњои
аъзоро ба курсњои
омўзишї муайян карда, ба
барномаи њамкории сесолаи
худ ворид намояд,
ки ин иќдом
бояд гуфт, алалхусус барои
омодакунии мутахассисони Тољикистон
хеле муфид ва
айни муддао хоњад буд.
Дар наќшаи тањияи
барномаи њамкории сесола,
ки 20 мавзўи муњими
соњаи молияи исломиро
шомил аст, иловатан
барои аз љониби
нињодњои молиявии кишварњои аъзо пешнињод шудани 5 мавзўи алтернативї
имконият дода шудааст. Институти мазкур
бо тањия ва
татбиќи барномањои омўзишї
барои мутахассисони соњаи иќтисод
ва молияи давлатњои
аъзои БИР машѓул
буда, маќсади он баланд бардоштани сатњи донишу ихтисос ва малакаи
мутахассисон дар соњаи иќтисод ва
молияи исломї мебошад.
Мавриди зикр аст,
ки дар ин
самт Институти илмию тадќиќотии исломї (IRTI) як барномаи махсуси
таълимї дорад, ки дар он танњо мутахассисони то сини 32 сола метавонанд иштирок
намоянд. Ногуфта намонад, хуб мешуд
агар аз љониби
Дафтари мудири БИР
дар Тољикистон ба институти мазкур (IRTI) пешнињод мегардид,
ки дар марљилаи аввал мутахассисони Тољикистониро ба таври истисно то 40 солагї
ба ин барномаи омўзишї фаро гиранд, то теъдоди коршиносону мутахассисони
таљрибадида њарчи зудтар дар кишвари мо зиёд гардад.
-Масъалаи дигари
муњим ин аст,
ки дар тафовут
бо низоми бонкдории муќаррарї дар
низоми молии исломї
Шўрои шариатї љой
дорад, ки ин
Шўро бевосита масъалањо ва њолатњои бавуљудомадаро мувофиќи шариати
Ислом њаллу фасл намуда, баррасї
менамояд. Аъзогї дар
ин Шўро талаботи
махсуси худро дорад, ки дар њоли
њозир шояд мутахассисе ёфт нашавад, ки ба талаботи аъзогї дар ин Шўро љавобгў
бошад. Масъалаи мазкур масъалаи љиддї буда, ањамияти љиддиро талаб мекунад.
Дар давраи аввал
басанда аст, ки
дар назди Бонки
милии Тољикистон як Шўрои шариатї ташкил карда, ба он аз институтњои
молиявии исломї мушовирони соњибтаљрибаи байналмилалиро, њам барои аъзогї ва
њам барои тайёр кардани мутахассисони мањаллї љалб намоянд.
-
Албатта барои ба мардум фањмонидани љанбањои нозуки низоми бонкдории
исломї, мутахассисон наќши бориз доранд.
Ба андешаи ман,
мутахассисон дар марњилаи аввал
барои ба мардум фањмонидани низоми молии исломї, ки он пеш аз њама бо
назардошти арзишњои волои дини ислом барои бењбуди љомеа нигаронида шудааст,
бояд бештар аз ин роњњо истифода намоянд
-
Барои маълумотдор намудани
мардум бештар бояд
адабиётњо, вараќахои чопї ва
буклетњо ба забони
давлатї тарљума ва
нашр шуда, дастраси
мардум гарданд. Њар як
мутахассисе, ки доир
ба ин мавзўъ
корњои илмї мебарад
ва он касоне, ки доир ба низоми молии исломї донишу
таљрибаи кофї доранд, хуб мешуд дар маљаллаву рўзномањои даврї маќолањои худро
бештар нашр менамуданд. [4] ;
Айни
муддао мешуд, агар
дар партави Вохўрии
солонаи 38-уми Шўрои
мудирони Бонки Исломии Рушд барои
њаллу фасли мушкилињо ва монеањои дар роњи татбиќи низоми бонкдории исломї
љойдошта нишасти матбуотї,
мизњои мудаввар ва
барномањои телевизионї бо иштироки
мутахассисони соња, ходимони
илм ва аспирантњову донишљуёни макотиби
олии кишвар баргузор
мегардиданд. Ба андешаи
ман, хуб мешуд агар дар барномаи
таълимии тањсилоти олии кишвар низ фанни алоњида оид ба иќтисоди исломї ворид
мегашт, зеро ин тадбир ашхоси дорои маълумоти олиро њанўз аз давраи донишљўї бо
љузъиёти иќтисоди ислом шинос мекард.
Дар самти
баланд бардоштани сатњи дониши молиявии
ањолї Бонки Миллии Тољикистон, Ассотсиатсияи бонкњои Тољикистон ва бонкњои
тиљоратиро зарур аст, ки дар кулли шањру
навоњї ва минтаќањои
кишвар бевосита ба
ташкили конфронсу семинарњо, курсњои
кўтоњмуддат ва дигар
машѓулиятњои омўзишї, мусоидат намоянд.
Ташкили марказњои
таълимї бањри гузаронидани
курсњои кўтоњмуддат ва дарозмуддат оид ба иќтисоди исломї,
алалхусус низоми бонкдории исломї, чуноне, ки
дар боло ќайд
намудам, аз манфиат
холї нест. Њамчунин
маркази таълимии
байнибонкие, ки дар
назди Ассотсиатсияи бонкњо
ва марказњои таълимие,
ки бевосита дар назди
бонкњои тиљоратї амал
мекунанд дар ин
љода наќши калидї мебозанд (дар
мавзўи Низоми Бонкдории
Исломї маркази таълимии
байнибонкии Ассотсиатсияи бонкњои Тољикистон
дар як сол
ќариб 10 ё
12 маротиба барои мутахассисони бонкњои
тиљоратї курсњои омўзишї
мегузаронад). Имрўзњо ин маркази
таълимї аллакай тасмим
гирифтааст, ки дар
маркази вилоятњои љумњурї низ доир ба низоми молии исломї
курсњои кўтоњмуддат ташкил намояд.
Дар ин
замина ЉСК «Тољиксодиротбонк», ки
яке аз аввалинњо
шуда ба истиќболи ин низом
баромада буд, низ барои мутахассисони худ њар семоња доир ба мавзўи молияи
исломї курсњои омўзишї
мегузаронад. Таъсиси Шўъбаи амонатгузорї ва ќарздињї ба тариќи
исломї, ки дар бинои Сарбонк њамчун равзанаи исломї аллакай
4 сол боз
фаъолият намуда, бо
корњои омўзишї, тадќиќотї
ва омодагї ба ин
низом машѓул аст,
далели рўшани пуштибонии
роњбарияти Бонк аз низоми
бонкдории исломї мебошад.
Дар баробари ин,
шўъбаи мазкур алњол саргарми татбиќи лоињањои мављудаи
байни ЉСК Тољиксодиротбонк ва БИР мебошад ва
кормандони он дар
њамаи чорабинињои ба
ин низом вобаста
дар ќаламрави мамлакат ва берун
аз он, фаъолона иштирок доранд.
Тибќи
иттилои Бонки миллии Тољикистон, дар соли 2015 маблаѓњои интиќолнамудаи коргарони муњољири мењнатї ин аз Русия дар
муќоиса бо соли ќабл аз он беш аз 33 дарсад коњиш ёфт, ки ин мушкилот боиси номувозинатї
дар бозори дохилии ва коњиши ќудрати харидории мардум шудааст. Дар соли 2015 буњрони шадиди
молиявї дар љањон-боиси коњишёбии намоёни нархњои мол ва ашёи хом дар бозорњои
љањонї ба рушди иќтисодиёти аксарияти кишварњои минтаќа, аз љумла Тољикистон
таъсири манфї расонид. Кам шудани интиќоли маблаѓњо ва љалби сармоягузории
хориљї боиси ноустувории курби асъор,
коњишёбии сатњи даромаднокии ањоли гардидааст. Таъсири омилњои берунаии
иќтисодї ба монанди номувозинатии сармоягузории хориљї, беќурбшавии пул боиси
коста шудани сатњи иќтисодиёти кишвар гардидааст. Дар робита ба ин масълањои
молиявї камшудани вуруди асъори хориљї
ба љумњури аз тамоми манбањо пеш аз њама аз њисоби
коњишёбии интиќоли маблаѓњо Бонки Мили
Тољикистон тадбирњои зарури андешад.
Низоми интиќоли маблаѓњои
пули ва шаклњои
он
Низоми интиќоли маблаѓњои пулии машњуртарин, ки бонкњои тиљоратии кишвар ба
таври васеъ аз онњо истифода мекунанд,
низоми интиќоли маблаѓњои
пули «Migom» , « Anelict », «Contact», «Western
Union» мебошад. Њамзамон барои
осон намудани интиколи маблаѓ аз кищварњои хориља, бонкњои Љ.Т. ба ахолии худ
намудхои гуногуни интиколи маблаѓ (Быстрая Почта, Вестерн Юнион, Интер —
Экспресс, Контакт, Анелик, Близко, Юнистриум, Мигом) пешниход кардааст, ки онхо
дар минтаќахои Љумњурии Тољикистон пањн
карда шудааст. Ба бонкњои Љумњурии Тољикистон аз Россия интиколи пули зиёд ќабул менамоянд, аз он сабаб, ки
мухочирон дар онљо хеле зиёданд. Ќаблан, интиколи маблаѓ бо ёрии Бонки Милли
дар тули њафтањо гирифта мешуданд. Айни замон, намудњои гуногуни интиколи
маблаѓ роњи осонтар ва бехатар гирифтани маблаѓ аз хориља ва минтаќањои Љумњури
Тољикистон мебошад. Барои пайваст намудани намудхои
интиколи маблаѓ технологияњои нав пешнињод шудаанд. Аз хама намуди пайвастшавии
маъмул, шабакаи интернетии «Вавилон» ва «Комсител» мебошанд, барои пайвастшави
бо шабакахо шартнома байни ташкилот ва бонк баста мешавад. Бонкњо бо ёрии интиколи
маблаѓњо фоидаи зиёде ба ањолии Љ.Т. меоранд. Бонкхои кишвар
барои бо роњи осон гирифтани маблаѓњо дар нохияхои дурдаст филиалњо,
нуктањои интиќоли маблаѓњо, шўъбањои амалиёти ва ѓайрањо ташкил намудаанд, ки
фаолияти кориашон хуб монда шудааст. Бо ёрии интиќоли маблаѓњо бисёри мухочирони
дар хориља буда ба оилахояшон, ки дур аз онхо мебошанд, маблаѓ мефиристанд. Бо
вуљуди ташкил кардани нуќтањои интиќоли маблаѓ дар дењотњои дурдасти шањру
ноњияњо мушкилотњои зиёде њастанд.
Њиљрати муњољирон
Президенти Љумњурии
Тољикистон мўњтарам Эмомалї Рањмон дар мулоќот бо муњољирони мењнатї ва донишљўёни тољик дар Москва 21-уми
феврали соли 2008 ќайд намуданд, ки: «Муњољират раванди ногузир ва табии
рушди љомеаи љањонї буда, солњои охир ба нишондодњои баланд расидааст. Масалан,
агар ба раќамњо таваљљўњ кунем, мебинем, ки дар Штатњои Муттањидаи Амрико зиёда
аз 35 миллион муњољирони мењнатї фаъолият мекунанд. Аз рўи маълумоти Бонки
Љањонї муњољирон дар соли 2013 зиёда аз 355 миллиард доллар ба
кишварњои худ интиќол додаанд».
Аксари
муњољирони мењнатии Љумњурии Тољикистон
ба Федератсияи Русия сафар
мекунанд, ки ин раќам тибќи маълумотњои оморї дар соли 2013 1 млн. 134 њазорро
ташкил медињад. Ин раќам дар солњои 2014-2015- бо сабаби таъсири буњрони
молиявї коњиш ёфт. Асосан муњољирони корї
аз Тољикистон барои кор
кардан ба Федератсияи Русия (беш
аз 96 % аз њисоби умумї), инчунин ба Ќазоќистон (2.5% аз њисоби умумї) ва боќї
1.5%-и дигар ба Ќирѓизистон, Украина, Беларусия, Арабистони Саудї, ИМА, Яман ва
ѓайра сафар мекунанд.
Интиќоли маблаѓњои муњољирон
дар давраи буњронї
Интиќоли пули
муњољирони мењнатї аз Федерасияи
Руссия ба Љумњурии Тољикистон аз
солњои 2002-юм инљониб фаъолият дорад. Бонкњои давлатї ва бонкњои тиљоратии
кишвар бо бонкњои Руссия ба хотири интиќоли маблаѓњои муњољирон шарномањои
тарафай бастааст. Тибќи ин шарномањо оиди хизматрасонињои гуногуни интиќоли маблаѓ фоизи муайян барои њаќи хизматрасонї муайян
шудааст. Агар дар соли 2008- маблаѓњои равон каради муњољирон тариќи бонкњо 2
милиону 670-њазор доларро ташкил кунад ин раќам дар соли 2009-ум бошад ба 1милиону
833-њазор доларро ташкил медињад. Ин таъсри буњрони молиявии љањони
мебошад, ки натанњо ба муњољирон, балки ба иќтисодиёти Руссия таъсири манфї
расонид. Коршиносони масоили иќтисодї бар
он назаранд,ки баъд аз ќариб дањ соли рушди иќтисодие, ки бар нархи афзояндаи нафт
асос дошт, бўњрони иќтисодии соли 2009-и љањон ба пули Русия зарба зад.
То
оѓози соли 2009 ќурби рубл 35 дарсад поин рафт. Њукумати Русия ин сиёсати, ба
истилоњ, “беќурбшавии боназорат”-ро дар пеш гирифт ва бо истифода аз захирањои
хориљияш талош кард, ѓалтидани рубро нармтар кунад. Интиќоли маблаѓњо аз Руссия
баъди соли 2009-ум боз зиёд шуда дар соли 2013- интиќоли њамагї 3 млн. 460 њазор долари амрикоиро ташкил медињад, ки ин ба
ММД фоидаовар мебошад.Инчунин аз њисоби интиќолњои пулии муњољирони мењнатї дар кишвар шароити некўањволии хонаводањо
хеле бењтар гардида, сатњи камбизоатї аз
38% имрўза, то соли 2015 дар њудуди 32% расид. Њамчунин ММД аз 9.3 миллиард
сомонии соли 2007-ум то ба 36.2 миллиард сомонї дар соли 2013 ва дар соли 2015 ба 52,5 милиард сомонї
расид. Раиси Бонки Миллии Тољикистон
Љамшед Нурмуњамадзода зимни нишасти матбуотї яке аз омили асосии
буњронро чунин шарњ дод «Кам шудани вуруди асъори хориљї ба љумњури аз тамоми
манбаъњои аз љумла аз њисоби интиќоли маблаѓњои муњољирони мењнатї 33,3 –фоиз
ва барњамдињии 1-ташкилоти ќарзии ѓайри бонкї,
14-ташкилоти ќарзии хурд »
Роњњои
баромадан аз буњрони молиявї
Тањлилгари масъалањои
иќтисодї Абдурањмон Наљмиддинов бар он бовар аст,ки “Барои устувории вазъи
иќтисодиёт бояд корхонањои истењсолї њар чи зуддтар ба окр пардозанд.Дар сурати
таъсиси корхонањои саноатї ва истењсоли мањсулоти ватанї ба бозори љањонї
раќобатпазир инчуни ташкил кардани
љойњои кори боиси пешгирии буњрони молияви мебошад”-иброз медорад Абдурањмон
Наљмиддинов. Њамзамон дигар
омиле,ки метавонад сади рохи буњрон шавад барзиёд истењсол намудани мањсулотњои
кишоварзї ва ба ин васила зиёд намудани
содирот мањсулотњои ватанї мебошад.
Аз ин нуќтаи назар Њукумати Тољикистон барои коњиши
паёмадњои буњрони иќтисодї дар Тоҷикистон барномањои
зидди буњрони тартиб дода шуда ва он маќомотњое, ки барои амалишавии ин
барномањо муазафанд корњои зарури чораљуи кунанд.
Низомиддин КОМИЛОВ
ТАЪСИРИ РУБЛ БА СОМОНЇ
Таи ду соли охир баланду паст шудани ќурби асъори хориљї нисбати асъори милли дар кишвар ба назар мерасад,ки ин ба иќтисодиёт таъсир мерасонад. Масъулинро мебояд, ки вазъи ќурби асъор -ро муътадил нигоњ доранд. Дар айни замон долари амрикои, рубли русї ва евро бештар дар бозори асъорї Љумњурии Тољикистон гардиш мекунанд.Аксарияти мардуми Љумхурии Тољикистон њамчун муњољири ќувва корї дар Федератсияи Россия ќарор доранд ба ивази корњои иљрокардаашон соњибкор ба онњо рубли русї пардохт мекунанд. Аз ин нуќтаи назар бешатар рубли русї дар кишвари мо дар гардиш мебошад ва муњољирон тавасути бонкњо пули руси интиќол медиханд. Русия яке аз љонибњои асосии тиљоратии Тољикистон ба шумор меравад ва поин рафтани арзиши рубли ин кишвар ба арзиши сомонї-пули миллии Тољикистон низ асар гузоштааст.
Ба касе пўшида
нест, ки мизони воридоти молу коло ба кишвари мо хеле бузург аст ва мизони он
амалан се баробар бештар аз содироти моро ташкил медињад. Чунин нобаробарии
воридоту содирот гувоњи он аст, ки арзиши сомонї ногузир поин меравад. Арзиши
рубли русї на танњо дар худи Федератсияи
Русия, балки дар кишвари мо њам ќурбаш поин рафтааст. Онњое, ки рубл доранд,
талош мекунанд, ки онро зудтар фурўшанд ва ё умуман майл ба харидани
рублро надоранд. Онњо бештар доллару евро ва њатто юан-пули чиної мехаранд.
Аксар коршиносони масоили иќтисодї бар он назар њастанд,ки болоравии
долар ва пастравии рубли русї ва сомонї
то охири сол давом мекунанд. Бўњроне, ки дар Русия оѓоз шудааст, зарбае сахттар
аз худи Русияро ба Тољикистон хоњад зад. Зеро иќтисоди Тољикистон ба иќтисоди
Русия ва сомонї ба рубл сахт пайванд аст.
Коњиши
шадиди пули муњољирони тољик аз Русия њам бар пояи камшавии ќурби рубл ва њам
бекории муњољирону коњиши шумораи онњо бар асари сиёсати “патенту шиносномањои
хориљї”, кам шудани воридот ва боло рафтани таваррум, муфлисшавии тољирон ва
паст рафтани даромад аз пардохтњои гумрукї мебошад. Њамзамон ќайд
кардан ба маврид аст, ки таъсири вазъи ќурби
рубли русиро низ яке аз омили муњими
рушди иќтисодиёт шуморем,чунки Русия аз шарикони асосии тиљоратии Тољикистон
аст ва бинобар он ќурби рубл ва коњиши нархи нафт ба вазъи он низ таъсир хоњад
дошт. Коњишёбии нархи нефт дар биржањои љањонї боиси пастравии рубли русї
мегардад,зеро аз њама мањсулоти
серхариттарини Россия нефт мебошад
ва соли 2015 –нархи як барел нефт дар
бозори љањонї нињоят паст шуда њоли њозир таќрибан 33-доларро ташкил медињад. Буљаи
Федератсияи Россия њама сола ќариб 50-фисадаш аз њисоби
фуруши мањсулотњои нафти пур мешуд ва аз сабаби оне,ки нефт яку-якбора паст шуд
барои касри буља маљбур шудан,ки аз дигар саршама яъне баланд бардоштани нархи
патенти муњољирони мењнатї ва дигар хизматрасонињои муњољирон мебошад.Аз њамин
сабаб вазъияти муњољирони мењнати руз то руз баъд шуда нисбат ба солњои пеш
интиќоли маблаѓ камтар шудааст. Ин мушкилот омили асосиааш буњрони молиявиии
љањонї мебошад, ки оќибаташ ба пастравии ќурби пулњои ду давлат
рубли русї ва сомонї боис мегардад.
Барои баромадан
аз ин мушкилот бо фармон ва ё ќароре
наметавон њал намоем. Наќши нозир дар бозори арзро Бонки Миллии Тољикистон дар
ихтиёр дорад. Ин бонк дар чањорчўбаи салоњиятњои худ метавонад тадбирњои
пешгирикунанда анљом дињад, мисли дахолати молї ё интервенсия. Бонки Миллї бо истифода аз захирањои
молии худ миќдоре муайяни арзи хориљиро ба бозор мебарорад. Вале ин чораи муваќќатист
ва Бонки Миллии Тољикистон захирањои зиёд надорад, то барои муддатњои тўлонї ба
таври сунъї арзиши сомониро нигоҳ дорад.
Барои ин њукумат бояд сарчашмањои љалби сармояи
хориљиро бештар кунад.Пас саволе ба миён меояд, ки бо кадом роњњо?
Албатта, на аз ин роњ, ки муњољирони кории Тољикистон дар Русия бештар бошанд,
балки аз роњи рушди соњибкориву тиљорат ва аз роњи афзоиши содироти молњои
ватанї ба хориљ, молњое ки асъори хориљї
меоранд. Ин яке аз роњњои ба даст овардани асъори хориљї барои Тољикистон аст.
Вале шароити сармоягузорї дар кишвари мо дар сатњи хеле паст ќарор дорад. Барои
њамин њељ сармоягузор бо миллионњо доллари худ барои ташкили корхона ё тиљорат
ба Тољикистон намеояд. Агар тавлидот дар худи кишвар ва фазои сармоягузорї
бењтар нашавад, мо дар чунин шароит наметавонем тавозуни содироти худро боло барем.
Њамин тариќ бовари аст, ки масъулини Бонки
Миллии Тољикистон ва дигар ташкилоту
муаасисањои дахлдор дар якљояги аз паи
ислоњи камбудињои љойдошта шуда устувории пули миллиро ба эътидол медароранд.
Низомиддин Комилов
четверг, 4 февраля 2016 г.
Аҳмадшоҳро кӣ ба қоҷоқбарон супурд?
Мақомот мегӯянд, ки ду рафиқи Аҳмадшоҳ Шеров дар
боздошт қарор дошта, алайҳи онҳо ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир ва убури
ғайриқонунии марз парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон
дар ҷараёни як амалиёти махсус Аҳмадшоҳ
Шеров - сокини ҳаждаҳсолаи деҳаи Ёли ноҳияи Шӯроободро аз
асорати гурӯҳи қочоқчиёни афғон озод кардаанд. Ин гурӯҳ таҳти роҳбарии Назрихудо валади Паҳлавондарёқарор
доштааст.
Кумитаи давлатии амнияти миллӣ рӯзи 4 феврал гуфт, ки
Аҳмадшоҳ Шеровро дӯстонаш – Алишери
Абдуҳафиз ва Раҳималии
Шариф ба дасти қочоқбарон супурдаанд. "Онҳо дар ивази
ҳамдеҳаи худ аз қочоқбарони афғон се халта маводи мухаддир бо 55 бастаи ҳашишро
гирифта, қасд доштанд, ки ба пойтахт интиқол диҳанд," – гуфта мешавад дар
хабари расмии КДАМ.
Мақомот мегӯянд, ки ҳоло Абдуҳафиз ва Раҳималӣ дар
боздошт қарор дошта, алайҳи онҳо ва инчунин Назрихудо валади Паҳлавондарё -
шаҳрванди Афғонистон ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир ва убури ғайриқонунии
марз парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Абдуҳафиз Шеров дар синфи 11-и мактаби миёнаи Ёл ва
Раҳималии Шариф дар Литсейи касбии хизмат ва туризми ноҳияи Шӯрообод таҳсил
доштаанд. Абдуҳафиз Шеров,
падари Алишери Абдуҳафиз, рӯзи 4 феврал ба Озодӣ гуфт, ки ин ҳодиса шоми 9
январи соли ҷорӣ рух дода, аз он замон боз фарзанди ӯ дар боздошт қарор
дорад.
Ӯ афзуд, "субҳи 9 январ ҷиянам Аҳмадшоҳ ҳамроҳи
Раҳималӣ омад, ки ба кӯҳ барои ҷамъоварии ҳезум меравем. Алишер хоб буд ва ман
гуфтам, ки ӯро бедор накунанд. Онҳо пинҳонӣ аз ман табарро гирифта, ба ҷангал
рафтаанд. То нимашаб писарам наомад ва саҳар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ огоҳ
карданд, ки сарбозон писар ва ҷияну ҳамдеҳаатонро боздошт кардаанд. Аз ҳамон
рӯз дар СИЗО-и Кӯлоб нигоҳ дошта мешаванд."
Хонаводаи Алишер мегӯянд, ки писари онҳо дар
қочоқи маводи мухаддир даст надорад ва умед бар он бастаанд, ки бегуноҳии
писарашон дар додгоҳ исбот хоҳад шуд.
Абдурозиқ Содиқов, мудири
маорифи ноҳияи Шӯрообод, ба Озодӣ гуфт, ки ҳоло онҳо як гурӯҳи махсус таъсис
дода, аз ин деҳа дидан мекунанд. Ба гуфтаи Розиқов, ин кор дар замони таътили
зимистонаи мактаббачаҳо ва шабона рух додааст.
Аммо Майрамбӣ,
як сокини рустои Ёл, ба Озодӣ гуфт, то ҷое Алишер ва Аҳмадшоҳро мешиносад,
бовар намекунад, ки ин ду ҷавон ба қочоқи маводи мухаддир даст зада бошанд. Ӯ
мегӯяд, замоне ин ҳодисаро шунид, худ ҳайрон шуд, ки ба ин ду кӯдак чӣ
намерасид, ки ба ин ҷинояти сангин даст задаанд?
Майрамбӣ афзуд, "мо дар ҳамин деҳа зиндагӣ дорем.
Ин ҳодиса ҳоло ба ҳама ҷо паҳн шудааст. Ҳеч кас бовар намекунад, ки ин ду
нафар ба ҳамин ҷинояти калон ё нашъаҷалобӣ даст зада бошад. Ҳардуяш бачаҳои хуб
буданд. Ҳоло ҳама ҳайронанд."
Шӯрообод яке аз ноҳияҳои марзии ҷануби Тоҷикистон бо
Афғонистон аст, ки мавориди зиёди интиқол ва қочоқи маводи мухаддир аз тариқи
ин минтақа ба мушоҳида расидааст. Тоҷикистон бо Афғонистон бештар аз 1400
километр марзи муштарак дорад.
Подписаться на:
Сообщения (Atom)
Таъсири COVID-19 ба иқтисоди Тоҷикистон
Бемории ҳамагири COVID-19 ё коронавируси нав ба вазъи иқтисодии ҷаҳон таъсири амиқ гузошт, ки Тоҷикистон ҳам истисно нест. Ҳарчанд бархе кор...
-
ВАҚТЕ САНДУҚИ САҲМИЯ БА ДАСТИ ЧИНОИҲО АСТ... Чаро бо ву ҷ уди он ки ширкати Канада 100% са ҳ мия ҳ ои корхонаи тавлиди тилои Ќир ғ изис...
-
Бемории ҳамагири COVID-19 ё коронавируси нав ба вазъи иқтисодии ҷаҳон таъсири амиқ гузошт, ки Тоҷикистон ҳам истисно нест. Ҳарчанд бархе кор...
-
ТАЪСИРИ РУБЛ БА СОМОНЇ Таи ду соли охир баланду паст шудани ќурби асъори хориљї нисбати асъори милли дар кишвар ба назар мерасад,ки ин...