ТАЪСИРИ РУБЛ БА СОМОНЇ
Таи ду соли охир баланду паст шудани ќурби асъори хориљї нисбати асъори милли дар кишвар ба назар мерасад,ки ин ба иќтисодиёт таъсир мерасонад. Масъулинро мебояд, ки вазъи ќурби асъор -ро муътадил нигоњ доранд. Дар айни замон долари амрикои, рубли русї ва евро бештар дар бозори асъорї Љумњурии Тољикистон гардиш мекунанд.Аксарияти мардуми Љумхурии Тољикистон њамчун муњољири ќувва корї дар Федератсияи Россия ќарор доранд ба ивази корњои иљрокардаашон соњибкор ба онњо рубли русї пардохт мекунанд. Аз ин нуќтаи назар бешатар рубли русї дар кишвари мо дар гардиш мебошад ва муњољирон тавасути бонкњо пули руси интиќол медиханд. Русия яке аз љонибњои асосии тиљоратии Тољикистон ба шумор меравад ва поин рафтани арзиши рубли ин кишвар ба арзиши сомонї-пули миллии Тољикистон низ асар гузоштааст.
Ба касе пўшида
нест, ки мизони воридоти молу коло ба кишвари мо хеле бузург аст ва мизони он
амалан се баробар бештар аз содироти моро ташкил медињад. Чунин нобаробарии
воридоту содирот гувоњи он аст, ки арзиши сомонї ногузир поин меравад. Арзиши
рубли русї на танњо дар худи Федератсияи
Русия, балки дар кишвари мо њам ќурбаш поин рафтааст. Онњое, ки рубл доранд,
талош мекунанд, ки онро зудтар фурўшанд ва ё умуман майл ба харидани
рублро надоранд. Онњо бештар доллару евро ва њатто юан-пули чиної мехаранд.
Аксар коршиносони масоили иќтисодї бар он назар њастанд,ки болоравии
долар ва пастравии рубли русї ва сомонї
то охири сол давом мекунанд. Бўњроне, ки дар Русия оѓоз шудааст, зарбае сахттар
аз худи Русияро ба Тољикистон хоњад зад. Зеро иќтисоди Тољикистон ба иќтисоди
Русия ва сомонї ба рубл сахт пайванд аст.
Коњиши
шадиди пули муњољирони тољик аз Русия њам бар пояи камшавии ќурби рубл ва њам
бекории муњољирону коњиши шумораи онњо бар асари сиёсати “патенту шиносномањои
хориљї”, кам шудани воридот ва боло рафтани таваррум, муфлисшавии тољирон ва
паст рафтани даромад аз пардохтњои гумрукї мебошад. Њамзамон ќайд
кардан ба маврид аст, ки таъсири вазъи ќурби
рубли русиро низ яке аз омили муњими
рушди иќтисодиёт шуморем,чунки Русия аз шарикони асосии тиљоратии Тољикистон
аст ва бинобар он ќурби рубл ва коњиши нархи нафт ба вазъи он низ таъсир хоњад
дошт. Коњишёбии нархи нефт дар биржањои љањонї боиси пастравии рубли русї
мегардад,зеро аз њама мањсулоти
серхариттарини Россия нефт мебошад
ва соли 2015 –нархи як барел нефт дар
бозори љањонї нињоят паст шуда њоли њозир таќрибан 33-доларро ташкил медињад. Буљаи
Федератсияи Россия њама сола ќариб 50-фисадаш аз њисоби
фуруши мањсулотњои нафти пур мешуд ва аз сабаби оне,ки нефт яку-якбора паст шуд
барои касри буља маљбур шудан,ки аз дигар саршама яъне баланд бардоштани нархи
патенти муњољирони мењнатї ва дигар хизматрасонињои муњољирон мебошад.Аз њамин
сабаб вазъияти муњољирони мењнати руз то руз баъд шуда нисбат ба солњои пеш
интиќоли маблаѓ камтар шудааст. Ин мушкилот омили асосиааш буњрони молиявиии
љањонї мебошад, ки оќибаташ ба пастравии ќурби пулњои ду давлат
рубли русї ва сомонї боис мегардад.
Барои баромадан
аз ин мушкилот бо фармон ва ё ќароре
наметавон њал намоем. Наќши нозир дар бозори арзро Бонки Миллии Тољикистон дар
ихтиёр дорад. Ин бонк дар чањорчўбаи салоњиятњои худ метавонад тадбирњои
пешгирикунанда анљом дињад, мисли дахолати молї ё интервенсия. Бонки Миллї бо истифода аз захирањои
молии худ миќдоре муайяни арзи хориљиро ба бозор мебарорад. Вале ин чораи муваќќатист
ва Бонки Миллии Тољикистон захирањои зиёд надорад, то барои муддатњои тўлонї ба
таври сунъї арзиши сомониро нигоҳ дорад.
Барои ин њукумат бояд сарчашмањои љалби сармояи
хориљиро бештар кунад.Пас саволе ба миён меояд, ки бо кадом роњњо?
Албатта, на аз ин роњ, ки муњољирони кории Тољикистон дар Русия бештар бошанд,
балки аз роњи рушди соњибкориву тиљорат ва аз роњи афзоиши содироти молњои
ватанї ба хориљ, молњое ки асъори хориљї
меоранд. Ин яке аз роњњои ба даст овардани асъори хориљї барои Тољикистон аст.
Вале шароити сармоягузорї дар кишвари мо дар сатњи хеле паст ќарор дорад. Барои
њамин њељ сармоягузор бо миллионњо доллари худ барои ташкили корхона ё тиљорат
ба Тољикистон намеояд. Агар тавлидот дар худи кишвар ва фазои сармоягузорї
бењтар нашавад, мо дар чунин шароит наметавонем тавозуни содироти худро боло барем.
Њамин тариќ бовари аст, ки масъулини Бонки
Миллии Тољикистон ва дигар ташкилоту
муаасисањои дахлдор дар якљояги аз паи
ислоњи камбудињои љойдошта шуда устувории пули миллиро ба эътидол медароранд.
Низомиддин Комилов
Комментариев нет:
Отправить комментарий