Тибќи
иттилои Бонки миллии Тољикистон, дар соли 2015 маблаѓњои интиќолнамудаи коргарони муњољири мењнатї ин аз Русия дар
муќоиса бо соли ќабл аз он беш аз 33 дарсад коњиш ёфт, ки ин мушкилот боиси номувозинатї
дар бозори дохилии ва коњиши ќудрати харидории мардум шудааст. Дар соли 2015 буњрони шадиди
молиявї дар љањон-боиси коњишёбии намоёни нархњои мол ва ашёи хом дар бозорњои
љањонї ба рушди иќтисодиёти аксарияти кишварњои минтаќа, аз љумла Тољикистон
таъсири манфї расонид. Кам шудани интиќоли маблаѓњо ва љалби сармоягузории
хориљї боиси ноустувории курби асъор,
коњишёбии сатњи даромаднокии ањоли гардидааст. Таъсири омилњои берунаии
иќтисодї ба монанди номувозинатии сармоягузории хориљї, беќурбшавии пул боиси
коста шудани сатњи иќтисодиёти кишвар гардидааст. Дар робита ба ин масълањои
молиявї камшудани вуруди асъори хориљї
ба љумњури аз тамоми манбањо пеш аз њама аз њисоби
коњишёбии интиќоли маблаѓњо Бонки Мили
Тољикистон тадбирњои зарури андешад.
Низоми интиќоли маблаѓњои
пули ва шаклњои
он
Низоми интиќоли маблаѓњои пулии машњуртарин, ки бонкњои тиљоратии кишвар ба
таври васеъ аз онњо истифода мекунанд,
низоми интиќоли маблаѓњои
пули «Migom» , « Anelict », «Contact», «Western
Union» мебошад. Њамзамон барои
осон намудани интиколи маблаѓ аз кищварњои хориља, бонкњои Љ.Т. ба ахолии худ
намудхои гуногуни интиколи маблаѓ (Быстрая Почта, Вестерн Юнион, Интер —
Экспресс, Контакт, Анелик, Близко, Юнистриум, Мигом) пешниход кардааст, ки онхо
дар минтаќахои Љумњурии Тољикистон пањн
карда шудааст. Ба бонкњои Љумњурии Тољикистон аз Россия интиколи пули зиёд ќабул менамоянд, аз он сабаб, ки
мухочирон дар онљо хеле зиёданд. Ќаблан, интиколи маблаѓ бо ёрии Бонки Милли
дар тули њафтањо гирифта мешуданд. Айни замон, намудњои гуногуни интиколи
маблаѓ роњи осонтар ва бехатар гирифтани маблаѓ аз хориља ва минтаќањои Љумњури
Тољикистон мебошад. Барои пайваст намудани намудхои
интиколи маблаѓ технологияњои нав пешнињод шудаанд. Аз хама намуди пайвастшавии
маъмул, шабакаи интернетии «Вавилон» ва «Комсител» мебошанд, барои пайвастшави
бо шабакахо шартнома байни ташкилот ва бонк баста мешавад. Бонкњо бо ёрии интиколи
маблаѓњо фоидаи зиёде ба ањолии Љ.Т. меоранд. Бонкхои кишвар
барои бо роњи осон гирифтани маблаѓњо дар нохияхои дурдаст филиалњо,
нуктањои интиќоли маблаѓњо, шўъбањои амалиёти ва ѓайрањо ташкил намудаанд, ки
фаолияти кориашон хуб монда шудааст. Бо ёрии интиќоли маблаѓњо бисёри мухочирони
дар хориља буда ба оилахояшон, ки дур аз онхо мебошанд, маблаѓ мефиристанд. Бо
вуљуди ташкил кардани нуќтањои интиќоли маблаѓ дар дењотњои дурдасти шањру
ноњияњо мушкилотњои зиёде њастанд.
Њиљрати муњољирон
Президенти Љумњурии
Тољикистон мўњтарам Эмомалї Рањмон дар мулоќот бо муњољирони мењнатї ва донишљўёни тољик дар Москва 21-уми
феврали соли 2008 ќайд намуданд, ки: «Муњољират раванди ногузир ва табии
рушди љомеаи љањонї буда, солњои охир ба нишондодњои баланд расидааст. Масалан,
агар ба раќамњо таваљљўњ кунем, мебинем, ки дар Штатњои Муттањидаи Амрико зиёда
аз 35 миллион муњољирони мењнатї фаъолият мекунанд. Аз рўи маълумоти Бонки
Љањонї муњољирон дар соли 2013 зиёда аз 355 миллиард доллар ба
кишварњои худ интиќол додаанд».
Аксари
муњољирони мењнатии Љумњурии Тољикистон
ба Федератсияи Русия сафар
мекунанд, ки ин раќам тибќи маълумотњои оморї дар соли 2013 1 млн. 134 њазорро
ташкил медињад. Ин раќам дар солњои 2014-2015- бо сабаби таъсири буњрони
молиявї коњиш ёфт. Асосан муњољирони корї
аз Тољикистон барои кор
кардан ба Федератсияи Русия (беш
аз 96 % аз њисоби умумї), инчунин ба Ќазоќистон (2.5% аз њисоби умумї) ва боќї
1.5%-и дигар ба Ќирѓизистон, Украина, Беларусия, Арабистони Саудї, ИМА, Яман ва
ѓайра сафар мекунанд.
Интиќоли маблаѓњои муњољирон
дар давраи буњронї
Интиќоли пули
муњољирони мењнатї аз Федерасияи
Руссия ба Љумњурии Тољикистон аз
солњои 2002-юм инљониб фаъолият дорад. Бонкњои давлатї ва бонкњои тиљоратии
кишвар бо бонкњои Руссия ба хотири интиќоли маблаѓњои муњољирон шарномањои
тарафай бастааст. Тибќи ин шарномањо оиди хизматрасонињои гуногуни интиќоли маблаѓ фоизи муайян барои њаќи хизматрасонї муайян
шудааст. Агар дар соли 2008- маблаѓњои равон каради муњољирон тариќи бонкњо 2
милиону 670-њазор доларро ташкил кунад ин раќам дар соли 2009-ум бошад ба 1милиону
833-њазор доларро ташкил медињад. Ин таъсри буњрони молиявии љањони
мебошад, ки натанњо ба муњољирон, балки ба иќтисодиёти Руссия таъсири манфї
расонид. Коршиносони масоили иќтисодї бар
он назаранд,ки баъд аз ќариб дањ соли рушди иќтисодие, ки бар нархи афзояндаи нафт
асос дошт, бўњрони иќтисодии соли 2009-и љањон ба пули Русия зарба зад.
То
оѓози соли 2009 ќурби рубл 35 дарсад поин рафт. Њукумати Русия ин сиёсати, ба
истилоњ, “беќурбшавии боназорат”-ро дар пеш гирифт ва бо истифода аз захирањои
хориљияш талош кард, ѓалтидани рубро нармтар кунад. Интиќоли маблаѓњо аз Руссия
баъди соли 2009-ум боз зиёд шуда дар соли 2013- интиќоли њамагї 3 млн. 460 њазор долари амрикоиро ташкил медињад, ки ин ба
ММД фоидаовар мебошад.Инчунин аз њисоби интиќолњои пулии муњољирони мењнатї дар кишвар шароити некўањволии хонаводањо
хеле бењтар гардида, сатњи камбизоатї аз
38% имрўза, то соли 2015 дар њудуди 32% расид. Њамчунин ММД аз 9.3 миллиард
сомонии соли 2007-ум то ба 36.2 миллиард сомонї дар соли 2013 ва дар соли 2015 ба 52,5 милиард сомонї
расид. Раиси Бонки Миллии Тољикистон
Љамшед Нурмуњамадзода зимни нишасти матбуотї яке аз омили асосии
буњронро чунин шарњ дод «Кам шудани вуруди асъори хориљї ба љумњури аз тамоми
манбаъњои аз љумла аз њисоби интиќоли маблаѓњои муњољирони мењнатї 33,3 –фоиз
ва барњамдињии 1-ташкилоти ќарзии ѓайри бонкї,
14-ташкилоти ќарзии хурд »
Роњњои
баромадан аз буњрони молиявї
Тањлилгари масъалањои
иќтисодї Абдурањмон Наљмиддинов бар он бовар аст,ки “Барои устувории вазъи
иќтисодиёт бояд корхонањои истењсолї њар чи зуддтар ба окр пардозанд.Дар сурати
таъсиси корхонањои саноатї ва истењсоли мањсулоти ватанї ба бозори љањонї
раќобатпазир инчуни ташкил кардани
љойњои кори боиси пешгирии буњрони молияви мебошад”-иброз медорад Абдурањмон
Наљмиддинов. Њамзамон дигар
омиле,ки метавонад сади рохи буњрон шавад барзиёд истењсол намудани мањсулотњои
кишоварзї ва ба ин васила зиёд намудани
содирот мањсулотњои ватанї мебошад.
Аз ин нуќтаи назар Њукумати Тољикистон барои коњиши
паёмадњои буњрони иќтисодї дар Тоҷикистон барномањои
зидди буњрони тартиб дода шуда ва он маќомотњое, ки барои амалишавии ин
барномањо муазафанд корњои зарури чораљуи кунанд.
Низомиддин КОМИЛОВ
Комментариев нет:
Отправить комментарий